ABNA24 – Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ дар тамоси телефонии Даниел Ортега, раиси ҷумҳурии Никарагуа бо табрики интихоби муҷаддади вай ба раёсати ҷумҳурӣ, ба аҳамияти таҳкиму таъмиқи равобити ду кишвар ишора кард ва гуфт: Эрон ва Никарагуа аз зарфиятҳои густардае дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бархӯрдоранд ва мақомоти сиёсиву иқтисодии ду кишвар метавонанд ин зарфиятҳоро ба нафъи пешрафту рифоҳи ду миллат фаъол кунанд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо таъкид бар ин ки таҳримҳо ва таҳдидҳои Амрико таъсире дар иродаи миллатҳои мустақилу озодихоҳи ҷаҳон надорад, афзуд, низоми султа наметавонад иродаи худро бар Ҷумҳурии исломии Эрон ва Никарагуа таҳмил кунад, зеро ду кишвар бар орову ҳимояти мардум иттико доранд ва ҳамвора муқобили зиёдахоҳии султагарон истодагӣ кардаанд.
342/